Ба гузориши ИРНА, Сайидиброҳими Раисӣ душанбешаб дар дидори Ҳокон Фидон-вазири умӯри хориҷаи Туркия, ки ба манзури ширкат дар нишасти « Гуруҳи ҳамкории Қафқоз » ба Теҳрон сафар кардааст, ҳамгаройӣ ва ҳамфикрии эҷодшудаи байни кишварҳои минтақаро дар ҳалли масоилу чолишҳои мавҷуд муассир донист ва гуфт: Мо ба ҳамон мизон, ки муътақидем гуфтугӯҳо миёни кишварҳои минтақаи Қафқоз заминасози ҳалли мушкилот хоҳад шуд, дахолати бегонагонро мӯҷиби печидатар шудани масоилу ташдиди мушкилоти минтақа медонем.
342/